Нест моро ҳеҷ фикрии ҷузи лақоӣ рӯй дӯст

Офарини бррои дарвешӣ ки дар фикр накӯаст

Зулф ва рӯят нест танҳо орзӯии моу бас

Муштарӣу моҳро шбрў шудан зин орзӯаст

Ошиқиро бояд аз боди сабои омухтан

Меравад бепо ва бе сари доимо дар ҷустуҷӯаст

Мастӣ ушшоқ бошад зон ду чашми пари хумор

Сархушии бедилон на аз бодаи ҷом ва сабуаст

Пеши қозии муҳибони муддаии ишқ ро

Шоҳиди одили бғир аз чашми гирён , ранг рӯаст

Гӯ ( ӣ ) агар пеши сари ушшоқ дар майдони ғам

Мекунад даъвӣ ки ман саргаштаам беҳуда гӯаст

Ғайри сарви қоматаш дар боғи дил ҷое мада

Ҳиммати олии асирӣ чун турои ойин ва хуаст