Доимои дарди ту ҳамроҳ манаст
Ишқи ту ҳам ҳоким ва шоҳ манаст
Ҳарки бедораст шабҳо дар ҷаҳон
Аз фиғону зорӣ ва оҳ манаст
Ду гувоҳи адл бар сӯзи дилам
Чашми гирён рӯй чун коҳ манаст
Сарвари хубони олами ин замон
Дилбари зебоӣ чун моҳ манаст
Ҷон фишондан эй асирӣ дар ғамаш
Дар тариқи ошиқон роҳ манаст