Ҷони моро майли дил ҷустан нашуд
Дарду ғам дар пеши вай гуфтан нашуд
Ваъда кард имшаб ки оем пеши ту
зи интизораши имшабам хуфтан нашуд
Ақли дурандеши чандоне ки кард
Ҷӯии хӯн аз дидаҳо бастан нашуд
Бар умеди онкӣ ёрам ме кашад
Дар бадар гардидам ва куштан нашуд
Хости дил каз доми ҳиҷрони бугсалад
Умри охири гашт ва зон ҷустан нашуд
Ҷонам ар дорад фироқ аз ҳар ду кун
Лекин аз ишқ батон растан нашуд
эй асирӣ шукр кун каз ишқ ӯ
Ҳаргизати як лаҳза баргаштан нашуд