эй бути ишваи сози ман бе ту ба сар наме шавад
Дилбари ҷони навози ман бе ту ба сар наме шавад
Ҳосили рӯзгори ман мӯнису ғмгсори ман
Ҳамдами ҷони зори ман бе ту ба сар наме шавад
Бодаи туеу ҷоми ман нури туе зломи ман
Шахси туеу номи ман бе ту ба сар наме шавад
Гар ту балои ҷони шӯй , дили бабрии ниҳони шӯй
Мӯниси дигарон шӯй , бе ту ба сар наме шавад
Фитнаи ошиқони туе , офати бедилони туе
Шӯри ҷаҳонёни туе , бе ту ба сар наме шавад
Дарди диҳӣ дуо кунам , ҷавр кунӣ вафо кунам
Ҷанг кунӣ сафо кунам , бе ту ба сар наме шавад
Гарчи шӯии ту кӣнаи вар , вар накунӣ ба ман назар
ё ки баронем з дар , бе ту ба сар наме шавад
Гар бидиҳии муроди ман вар надиҳӣ ту дод ман
Вар накунӣ ту ёди ман , бе ту ба сар наме шавад
Гар ту асирем кунӣ , теғи ҷафо ба ман занӣ
Маҳв кунӣ зи ман манӣ , бе ту ба сар наме шавад