Ошиқонро дайн ва мазҳаб шуд вифоқ

Ишқи варзӣ рост ноед бо нифоқ

То даромад пои ишқи андари миён

Ошиқ ва маъшӯқ доранд иттифоқ

Ошиқон дар нестӣ ҷо карда анд

Зоҳид аз ҳастӣ намояди тумтароқ

Хону мони ақл вайрон карда ам

То бкўӣ ишқ бигирифтам всоқ

Зоҳидиро завқи ирфон аз куҷо

Ғайри орифро надоданд ин мазоқ

Ҳаст муштоқи ҷамолаш ҳар ду кун

Дар ду олам нест кас бе иштиёқ

Носеҳам гуяд бтрки ишқи гӯ

Тарки ҷони гуфтан асирӣ ҳаст шоқ