Ҳамаи сӯрати ҳамаи маънии ҳамаи ҳасанӣу ҷамол
Ҳамаи ҳишмати ҳамаи рифъати ҳамагии ҷоҳу ҷалол
Ҳамаи Лутфӣу малоҳати ҳамаи эҳсону карам
Ҳамаи ахлоқи ҷамилу ҳамаи атвори камол
Ҳамаи қурбати ҳамаи ваҳдати ҳамагии кашфу шуҳуд
Ҳамаи дониши ҳамаи бениши ҳамаи ваҷду ҳамаи ҳол
Ҳамагии скру Фноӣии ҳамаи тамкину бақо
Ҳамаи анвори таҷаллии ҳамагии завқи висол
Ҳамаи ишқии ҳамаи ошиқи ҳамаи маъшӯқу ноз
Ҳамагии ишвау ҷилваи ҳамаи ғанҷӣу даллол
Ҳамаи конии ҳамаи гавҳари ҳамаи дарӣу садаф
Ҳамаи дарёии муҳӣту ҳамагии оби зулол
Ҳамаи қайдӣу асирии ҳамаи итлоқу ъно
Ҳамаи асрори ҳақиқат на хаёлоти маҳол