Мо солҳо ба кӯии маломат давида ем

Роҳи саломати ҳамчуи маломат надида ем

Ҳирсу амл чу раҳзан роҳ тариқатанд

Мо рахти дил ба малик қаноат кашида ем

Муфтӣ агар зи роҳ хирад мерасад ба ҷон

Мо аз тариқи ишқ ба ҷонон расида ем

Аз ҷоми васл маст мудоманд ҷону дил

То мо ба кӯии майкадаи хилват гузида ем

Аз ақлу зуҳд хушк бишустем дасти дил

То ҷуръаи зи бода ишқаш чашида ем

Ошуфта гаштаему парешон ва бе қарор

То аз насими зулфи ту бӯе шунида ем

Мрот рӯй ӯст асирии ҳамаи ҷаҳон

Мо акси ҳасанаш аз ҳамаи заррот дида ем