Ҳар ҷо зуҳӯр ёфт камолу сафои дил

Олам набӯд зарраи андари фазои дил

Он мазҳарӣ ки сари аён зу аён намӯд

Ҷустами баҳри ду кун ва надидам варои дил

Ойинаи камол ҳақиқат диласту бас

Ҳар ду ҷаҳон шудаст азин рӯи фидои дил

Кӣ мурғи дили асири макон буд ё замон

Дар ломакон буд ҳамаи сайри мқои дил

Ганҷи ниҳон чу ҳаст ҳувайдои бкнҷи дил

Гаштанди азин ҷиҳати ҳамаи шоҳони гадои дил

Ҳар дил ки дар ҳавои ту ҷонро нисор кард

Шуд раҳбари камоли яқини он ҳавои дил

Гуфтам давои ин дил бечора чист гуфт

Ҷузи дард ишқ нест асирии давои дил