Фиғони зи дасти ситамҳои гунбади даввор

Фиғони зи суфлоу алавӣу собиту сайёр

Чаҳ эътибор бар ин ахтарони номаълӯм

Чаҳ эътимод бар ин рӯзгори ноҳамвор

Ҷафои чархи басӣ дидаанд аҳли ҳунар

Аз он баҳри зиҳ шикоят намекунанд аҳрор

Дило чу сӯрати ҳоли замона май бинӣ

Сазад агар бадари оӣии зи пардаи пиндор

Тамаъи мадор ки бо ту вафо кунад даврон

Ки бо касе бФсўн меҳрбон нагардад мор

Куҷо шуданд бузургони дайн ки ме карданд

зи нӯки хомаи гуҳар бар сари замонаи нисор

Куҷо шуданд ҳакямони кордони Карим

Ки бар либоси бақоашон на пуд монад ва на тор

Чаро зи пой дар омад дарахти боғи ҳунар

Бмўсмӣ ки зи сар тоза мешавад ашҷор

Бисоз кори қиёмати бқўти имон

Бишӯй рӯй табиати боби истиғфор