Шудам садра ба зери санги Тифлон дар ҷунуни пинҳон
Валикини боз пайдо карда моро меҳнати даврон
Бибин чашмтар моро магӯ аз Нӯҳу тӯфонаш
Ки ӯ як бор тӯфон дид ва мо ҳар лаҳзаи сад тӯфон
Набахшад дидаамро нури ғайр аз хоки он дарга
Насозад сӯзи дили хомӯши алои оби он пайкон
Дили ранҷур аз худ меравад ҳар лаҳза чун Тифл
Тасаллӣ медиҳандаш аз қудуми ваии парасторон
Ба ҷузи он подшоҳи кишвари дил дар ҷаҳони асрор
Кадомин Подшаҳ дидӣ ки малик худ кунад вайрон