Ба тавфиқи худои сонеъи пок
Ки дониш медиҳад бар малику афлок
зи булбули номаи байтӣ чанд гӯям
Чу оби рафта боз омад ба ҷӯям
Қалам баргиру рози дил аён кун
Сароғозаш ба номи ғайб дон кун
Худовандӣ ки ҷузи вай кас нишоед
Ки то бар бандагони рӯзии кушояд
Қалам мешуд ба сар аз дарди ҳиҷрон
Ҳаме борид хӯн бар шакли борон
Чу бар кофури машк ноб дода
Ба занҷираши саросар об дода
Қалами ғаввоси дарёии маъонӣ
Суханҳояш ҳама чун дар конӣ
зи баҳри дардмандони ғам гусорӣ
Бимонад то қиёмати ёдгорӣ
Буд рӯҳу равони аҳли дониш
з рӯй ақл ва аз аФҳоми дониш