Чун пешаи ту шева ва нозаст чаҳ тадбир
Чун мояи ман дард ва ниёзаст чаҳ тадбир
Он дар ки ба рӯй ҳама бозаст нигоро
Чун бар ман бичор фарозаст чаҳ тадбир
Гуфтӣ ки агар рост рӯй роҳи бадоне
Ин роҳ чу пари шеб ва фарозаст чаҳ тадбир
Гуфтӣ ки агар сабр кунӣ ком биёбӣ
Луоби фалаки шӯъбада бозаст чаҳ тадбир
Гӯйӣ на дурустаст намоз аз сари ғифлат
Чун ишқи туами пеш намозаст чаҳ тадбир
Гуфтам ки кунам қиссаи савдои ту кӯтоҳ
Чун қиссаи ишқи ту дарозаст чаҳ тадбир
Гуфтам ки кунам тавбаи зи ишқи ту валикин
Ишқи ту ҳақиқат на муҷозаст чаҳ тадбир
Гуфтам надаҳум дил ба ту чун рӯй ту байнам
Чун ғамзаи ту арбада созаст чаҳ тадбир
Бечораи дилами съўаҳ хирадаст чаҳ чора
Дар сайди дилами ишқи ту бозаст чаҳ тадбир
Бар миҷмари савдои ту ҳамчун шукру авд
Аттор чу дар сӯз ва гузораст чаҳ тадбир