Агар ишқат ба ҷой ҷон надорам
Ба зулфи кофарат имон надорам
Чу гуфтӣ нанг май дории зи ишқам
Ки ман маъшӯқи инам кон надорам
Агар ҷонам бихоҳад шуд зи ишқат
Ғами ишқи тўро фармон надорам
Ту гуфтӣ рӯ макун дар ман нигоҳӣ
Ки хӯбӣ дорам ва паймон надорам
Ман саргашта чун фармони набардам
Аз он бар неку бад фармон надорам
Чу худ кардам ба ҷони хештани бад
Чаро бар хештан товон надорам
Кунун нокоми тан дар дом додам
Ки ман худ кардаро дармон надорам
Чу ҳаркаси бӯса Эй ёбанд аз ту
Ман бечораи охир ҷон надорам
Бидиҳ атторро як бӯса бе зар
Ки зар дорам вале чандон надорам