Ишқро бехештан бояд шудан
Нафаси худро роҳзан бояд шудан
Бут буд дар роҳ ӯ ҳарчӣ он на ӯст
Дар раҳ ӯ бути шикан бояд шудан
Зулфи ҷононро шикан беш аз ҳад аст
Кофари як як шикан бояд шудан
Ту бадви наздики наздикӣ валек
Даври давр аз хештан бояд шудан
Дар нагунҷад мо ва ман дар роҳ ӯ
Дар раҳаш бе мо ва ман бояд шудан
Дӯст чун ҳаргиз наёяд дар ватан
Ошиқонро беватан бояд шудан
Дар раҳ ӯ бар умеди васл ӯ
Хоки роҳи тан ба тан бояд шудан
Ҳамчуи лолаи ғарқа дар хӯни ҷигар
Зинда дар зери кафан бояд шудан
Дар раҳ ӯ чун дуеро роҳ нест
Бо яке дар перҳан бояд шудан
Пас чу аттори андари офоқи ҷаҳон
Покбози анҷуман бояд шудан