Бори дигар рӯй зебоӣ бибин

Ақлу ҷонро тоза савдое бибин

Аз ғами он печи зулфи биқрор

Зоҳидиро ношкибоӣӣ бибин

Дар ҷамолаш ҳар киро он чашм ҳаст

То абад дар худ таманное бибин

Дар миёни аҳли дил ҳар соъаташ

Ғоратии нави тоза ғавғое бибин

Ошиқонро нақди ишқ ӯ нигар

Фориғ аз имрӯз ва фардое бибин

Бар сари майдони расвои ишқ

Олимиро ҳамчу шайдое бибин

Дар биёбонҳои бепоён ӯ

Ҳар замонии шеб ва болоӣ бибин

Гар надидӣ дил ба зери бори ишқ

Шабнамӣ дар зер дарёӣ бибин

Гоҳи ҷонро дар таку пўиии нигар

Гоҳи дилро дар таманное бибин

То ки савдои висолаш май пазам

Бар маниш ҳар лаҳза сафрое бибин

Гуфтамаш ҷонои дили аттори кӯ

Гуфт худ гум кардае ҷое бибин