Бибареданд дуздиро магари даст

Назд дами даст худ бигирифт ва бурҷаст

Бадв гуфтанд эй меҳнати расида

Чаҳ хоҳӣ кард ин дасти бурӣда

Чунин гуфт ӯ ки номи дӯстии хос

Бар онҷо карда будам нақши зи ихлос

Кунун то зиндаам инам тамомаст

Ки бе ин зиндагӣ бар ман ҳаромаст

зи дастам гарчи қисмии ҷуз ?илам нест

Чу бар дастаст номи дӯст ғам нест

Чу Иблиси лъини асрори дон буд

Агар саҷда намекард ӯ азон буд

зи халқи худ дареғаш омад он роз

Накард он саҷда , даъвӣ кард оғоз

Ки то ҳам ӯ ваҳми халқи ҷаҳони ҳам

На бенанди он дар ва он остони ҳам

Ки то нурӣ азон дар пардаи ъз

Нагардад дар назари олӯдаи ҳаргиз