Бози пеш ҷамъ омад сари фароз
Кард аз сари мъолии пардаи боз
Сина мекард аз сипаҳи дории хеш
Лоф мезад аз каллаи дории хеш
Гуфт ман аз шавқи дасти шаҳриёр
Чашм барбастам зи халқи рӯзгор
Чашм аз он бигрифтаам зери кулоҳ
То расад поем ба дасти подшоҳ
Дар адаби худро басӣ парварда ам
Ҳамчуи муртозон риёзат карда ам
То агар рӯзӣ бар шоҳам баранд
Аз русуми хизмат огоҳам баранд
Ман куҷои симурғро байнам ба хоб
Чун кунам беҳуда рӯй ӯ шитоб
Зқаҳ эй аз дасти шоҳами бас буд
Дар ҷаҳони ин пойгоҳами бас буд
Чун надорам раҳравиро пойгоҳ
Сарфарозӣ мекунам бар дасти шоҳ
Ман агар шоиста султон шавам
Ба ки дар водӣ бепоён шавам
Рӯй он дорам ки ман бар рӯй шоҳ
Умр бигзорам хушии ин ҷойгоҳ
Гоҳи шаҳро интизорӣ ме кунам
Гоҳ дар шавқаш шикорӣ ме кунам
Ҳудҳудаш гуфт эй ба сӯрати мондаи боз
Аз сифати давр ва ба сӯрати мондаи боз
Шоҳро дар малик агар ҳамто буд
Подшоҳӣ кӣ бар ӯ зебо буд
Салтанатро нест чун симурғи кас
Зонк беҳамто ба шоҳӣ ӯсту бас
Шоҳ набӯд онк дар ҳар кишварӣ
Созад ӯ аз худ з бе мағзии сиррӣ
Шоҳ он бошад ки ҳамто набӯдаш
Ҷузи вафоу ҷуз мудоро набӯдаш
Шоҳи дунёгар вафодорӣ кунад
Як замони дигар гирифторӣ кунад
Ҳрк бошад пеш ӯ наздик тар
Кор ӯ бешак буд торик тар
Доимо аз шоҳ бошад бар ҳазар
Ҷон ӯ пайваста бошад пари хатар
Шоҳи дунёи фии алмисл чун оташ аст
Давр бош аз вай ки даврӣ зу хуш аст
Зон буд дар пеши шоҳон давр бош
К-эй шудаи наздики шоҳон давр бош