Баъд аз он бнмоидти пеши назар
Маърифатро водӣӣ бепоу сар
Ҳеҷ кас набӯд ки ӯ ин ҷойгоҳ
Мухталиф гардад з бисёре роҳ
Ҳеҷ раҳи даравӣ на ҳам он дигараст
Солики тан , солики ҷон , дигараст
Бози ҷону тани зи нуқсону камол
Ҳаст доим дар тараққӣу завол
Лоҷарами баси раҳ ки пеш омад падед
Ҳар яке бар ҳад хеш омад падед
Кӣ тавонад шуд дарин роҳи халил
Анкабути мубталои ҳам сайри пел
Сайр ҳар кас то камоли вай буд
Қурб ҳар каси ҳасби ҳоли вай буд
Гар биппарад пашшаи чандоне ки ҳаст
Кӣ камол сарсараш ояд бадаст
Лоҷарам чун мухталиф афтод сайр
Ҳам равиш ҳаргиз науфтад ҳеҷ тайр
Маърифати зинҷо тафовут ёфтаст
Ин яке миҳроб ва он бут ёфтаст
Чун битобад офтоби маърифат
Аз сипеҳри ин раҳи олии сифат
Ҳар яке бино шавад бар қадари хеш
Бозёбад дар ҳақиқати садри хеш
Сари зротши ҳама равшан шавад
Гулхан дунё бирав гулшан шавад
Мағз бинад аз дарун на пӯст ӯ
Худ набинад заррае ҷузи дӯст ӯ
Ҳарч бинад рӯй ӯ бинад мудом
Зарраи зарраи кӯй ӯ бинад мудом
Сад ҳазор асрор аз зери ниқоб
Рӯз май бнмоидт чун офтоб
Сад ҳазорон мард гум гардад мудом
То яке асрор байн гардад тамом
Комилӣ бояд дарави ҷонии шигарф
То кунад ғаввосии ин баҳри жарф
Гар з асрорат шавад завқии падед
Ҳар замонат нав шавад шавқии падед
Тишнагӣ бар камоли ӣнҷо буд
Сад ҳазорон хӯни ҳалоли ӣнҷо буд
Гар биорӣ даст то арши Маҷид
Дам мазан як соъат аз ҳилли ман язид
Хешро дар баҳри ирфон ғарқ кун
Варна бории хоки раҳ бар фарқ кун
Гарнае эй хуфтаи аҳли таҳният
Пас чаро худро надории таъзият
Гар надории шоде аз васли ёр
Хези бории мотам ҳиҷрон бидор
Гар наме бинии ҷамоли ёри ту
Хези манишин , май талаби асрори ту
Гар наме доне талаб кун шарми дор
Чун харӣ то чанд бошӣ бе Фсор