Он баҳр ки мавҷаш гуҳар андоз ояд

Дар синаи ошиқон ба сад ноз ояд

Як бор даромаду маро бихўд кард

Ин бор гумам кунад агар боз ояд