Гашти Лайлии пеш аз маҷнӯни ҳалок
Буд ғоиби он замони маҷнӯни пок
Оқибати маҷнӯн чу бо онҷо расед
Ончӣ натавонист дид онҷо шунид
Он яке гуфт эй дилати пари шӯр ӯ
Хез то бо ту намоями гӯр ӯ
Гуфт ҳоҷат нест ин бо ман магӯӣ
Зонка ман он хок бишносам ббўӣ
Ин бигуфту роҳ гӯристон гирифт
Наъра зан шуд шева мисатон гирифт
Хоки мибўӣид ва дар раҳ мешитофт
То ки гӯри Лайлии охир боз ёфт
Мотами он моҳро товон бидод
Соъатӣ бе худ шуд охир ҷон бидод
Чун бпокӣ зу баромади ҷони пок
Дар бар аўдФн кардандаш бхок
Зинда ӯ аз ишқи ҷонон буду бас
Лоҷарам бе ӯ фурӯ рафташ нафас