Бош доим эй писар бо ёди ҳақ
Гар хабари дории зи адл ва дод ҳақ
Зиндаи дор аз зикри субҳу шом ро
Дар тағофул магзарон айём ро
Ёд ҳақ омад ғизои ин рӯҳ ро
Марҳам омад ин дили маҷрӯҳ ро
Ёди ҳақгар мӯниси ҷонат буд
Кӣ ҳавои коху айвонат буд
Гар замонии ғофил аз рҳмни шӯй
Андари он дами ҳамдами шайтони шӯй
Мўмнои зикри худо бисёр гӯй
То биёбӣ дар ду олами об рӯй
Зикрро ихлос май бояд нахуст
Зикр беихлос кӣ бошад дуруст
Зикр бар се ваҷҳ бошад бе хилоф
Ту ндонӣ ин суханро аз газоф
Омро набӯд ба ҷузи зикри лисон
Зикр хосон бошад аз дил бе гумон
Зикри хоси алхоси зикри сар буд
Ҳар ки зокир нест ӯ хоср буд
Зикр бетаъзим гуфтан бидъатаст
Вондри он як шарт дигар ҳурматаст
Ҳаст бар ҳар узвро зикр дигар
Ҳафт аъзои рости зикрӣ эй писар
Ёрӣ ҳар оҷиз омад зикри даст
Зикри похўишон зиёрат карданаст
Зикри чашм аз хавфи ҳақи бгристн
Боз дар оёт ӯ нигаристан
Истимоъи қавли ҳақи дони зикри гӯш
То туоне рӯзу шаб дар зикр кӯш
Иштиёқи ҳақ буд зикри дилат
Кӯш то ин зикр гардад ҳосилат
Онкии азҷҳлсти доим дар гуноҳ
Кӣ ҳаловат ёбад аз зикри аллоҳ
Хондани қуръон буд зикри лисон
Ҳар кро ин нест ҳаст аз муфлисон
Шукри неъматҳои ҳақ май гӯи мудом
То кунад ҳақ бар ту неъматҳо тамом
Ҳамди ҳақро бар забони бисёрдор
То шӯй аз нори ҳурмони растгор
Лаби мҷнбони ҷузи бзкри кирдигор
Зонка поконро ҳамин будаст кор