Умри мардумро бакоҳад панҷ чиз

Ёддорш чун шунидӣ эй азиз

Шуд яке зон панҷ дар перии ниёз

Пас ғарибии вонгаҳеи ранҷи дароз

Ҳарки ӯ бар мурда андозад назар

Умр ӯ бешак бакоҳад эй писар

Панҷум омад тарсу бим аз душманон

Умрро инҳо ҳаме дорад зиён

Ҳарки ӯ аз душманони тарсон буд

Кор ӯ ҳар лаҳзаи дигрсон буд

Аз худои тарс ва матарс аз душманон

Каз ҳама дорад худоят дар амон