Дар вараъи собит қадам бош эй писар
Гар ҳамеи хоҳӣ ки гардии муътабар
Хона дайн гардад обод аз вараъ
Лек мегирад харобӣ аз тамаъ
Ҳар ки аз илм вараъ гирад сабақ
Давр бояд буданаш аз ғайри ҳақ
Трскорӣ аз вараъ пайдо шавад
Ҳар ки бошад бевараъ расво шавад
Бо вараъ ҳар кас ки худро кард рост
Ҷунбишу оромиш аз баҳр худост
Онкӣ аз ҳақ дӯстӣ дорад тамаъ
Дар муҳаббати козибаши дон бе вараъ
Чист тақвои тарки шаҳвату ҳаром
Аз либос ва аз шароб ва аз таом
Ҳарчӣ афзӯнаст агар бошад ҳалол
Назд арбоб вараъ бошад вабол
Чун вараъ шуд ёр бо илму амал
Ҳасани ихлосат бибояд бе халал
Ногаҳон эй банда гар кардӣ гуноҳ
Тавба кун дарҳолу узр он бихоҳ
Чун гуноҳат нақд ояд дар вуҷӯд
Тавба нася надорад ҳеҷ суд
Дар инобати коҳилӣ кардан хатост
Бар умеди зиндагии кон бе вафост