Маърифат ҳосил кун эй ҷони падар
То биёбӣ аз худои худ хабар
Ҳар ки ориф шуд худои хеш ро
Дар фано бинад бақои хеш ро
Ҳар ки ӯ ориф нашуд ӯ зинда нест
Қурби ҳақро лоиқ ва арзанда нест
Ҳар ки ӯро маърифат ҳосил нашуд
Ҳеҷ бо мақсӯди худ восил нашуд
Нафаси худро чун шиносӣ бо ҳаво
Ҳақи таъолиро бадоне бо ато
Ориф он бошад ки бошад ҳақи шинос
Ҳар ки ориф нест набӯд ҷинси нос
Ҳаст орифро ба дили меҳру вафо
Кори ориф ҷумла бошад бо сафо
Ҳар ки ӯро маърифат бахшад худоӣ
Ғайри ҳақро дар дил ӯ нест ҷой
Назд ориф нест дунёро хатар
Балки бар худ несташ ҳаргизи назар
Маърифати фонӣ шудан дар вай буд
Ҳар ки фонӣ нест ориф кӣ буд ?
Ориф аз дунёу уқбо фориғ аст
Зончаҳ бошад ғайри мавло фориғ аст
Ҳиммати орифи лақои ҳақ буд
Зонка дар худ фонии мутлақ буд
Бо чаҳ монад ин ҷаҳон ? гӯям ҷавоб
Онкӣ бинад одамии чизе ба хоб
Чун шавад аз хоби бедор эй азиз
Ҳосил хоб набошад ҳеҷ чиз
Ҳамчунин чун зинда Эй афтоду мард
Ҳеҷ чизе аз ҷаҳон бо худ набард
Ҳар киро бӯда сети кирдори накӯ
Дар раҳи уқбо буд ҳамроҳ ӯ
Ин ҷаҳонро чун зании дони хубрӯ ӣ
Хештан ороед андари чашми шӯй
Мардро май пурвирди андари канор
Макру шева май намояд бе шумор
Чун биёбад хуфтаи шӯяши ногаҳон
Бегумон созад ҳалокаши он замон
Бар ту бодо эй азизи пари ҳунар
Каз чунин макора бошӣ бар ҳазар