Давр бош эй хоҷа аз аҳли нифоқ
Дар ҷаҳаннами дони мунофиқро всоқ
Се аломат дар мунофиқ зоҳираст
Зон сабаби мақҳур қаҳр қоҳираст
Ваъдаҳои ӯ ҳама бошад хилоф
Қавл ӯ набӯд бғир аз кизбу лоф
Муъминонро кам риоят ме кунад
Ҳам амонатро хиёнат ме кунад
Нест дар ваъдаи мунофиқро вафо
Зон набошад дар Рахши нуру сафо
То напиндорӣ мунофиқро амин
Нест бодои тухмаш аз рӯй замин
Аз мунофиқ эй писар парҳез кун
Теғро аз баҳри қатлаш тез кун
Бо мунофиқи ҳарки ҳамраҳ ме шавад
Манзил ӯ дар так чаҳ ме шавад