Ҳарки бошад аҳли имон эй азиз
Пок дорад чори чиз аз чорчиз
Аз ҳасади аввали ту дилро поки дор
Хештанро баъд аз он муъмини шумор
Поки дор аз кизб ва аз ғайбати забон
То ки имонат науфтад дар зиён
Пок агар дории амалро аз риё
Шамъи имони мар туро бошад зё
Чун шикамро поки дорӣ аз ҳаром
Марди имон дор бошӣ вассалом
Ҳар ки дорад ин сифат бошад шариф
Вар надорад , дорад имони заъиф
Ҳар ки ботин аз ҳаромаш пок нест
Рӯҳ ӯро раҳи сӯй афлок нест
Чун набошад поки аъмол аз риё
Аст беҳосил чу нақши бӯрё
Ҳар крои андари амал ихлос нест
Дараҷаон аз бандагон хос нест
Ҳар ки кораш аз барои ҳақ буд
Кор ӯ пайваста бо равнақ буд