Ҳамнишин солеҳон бош эй писар

Ҳам ҷудо аз фосиқон бош эй писар

Ҷониб золим макун майл аз азиз

Вркнии гардӣ аз он хайл эй азиз

Рӯи зи аҳл зулм бигурез эй фақир

То насӯзӣ зи оташи тез эй фақир

Суҳбати золим басон оташаст

Зонка халқи озору тунд ва саркашаст

Аз ҳузури солеҳони солеҳи шӯй

Вари нишинӣ бо бидон толҳи шӯй

Ҳар ки ӯ бо солеҳон ҳамдам шавад

Дар ҳарими хоси ҳақ муҳаррам шавад

эй писар магузор роҳи шаръ ро

Асли ёбӣ гар бигирӣ фаръ ро

Аз шариъат гар наҳй беруни қадам

Дар залолати уфтӣу ранҷу ?илам

Ҳар ки дар роҳ залолат ме равад

Аз ҷаҳолат бо битолат ме равад

Ҳақи талаби вази кори ботил давр бош

Дар сахоу мардумӣ машҳур бош

Ҳарки нагузинад сироти мустақӣм

Дар азоб охират монад муқӣм

Дар раҳ шайтон манеҳ гом эй ахӣ

То нагардӣ хору бадном эй ахӣ

Ҳар ки дар роҳи ҳақиқат солик аст

Рӯзу шаби хоиФи зи қаҳр молик аст

Бар хилоф нафас кун кор эй писар

То науфтӣ хор дар нори сқр