То сарви қбопўши туро дидаам имрӯз
Дар перҳан аз завқ нгнҷидаҳам имрӯз
Ман донаму дил , ғайр чаҳ донад ки дар ин базм
Аз тарзи нигоҳи ту чаҳ фаҳмидаам имрӯз
То боди сабои печи сари зулфи ту во кард
Бар худ , чу сари зулфи ту печидаам имрӯз
Ҳушёрем афтод ба фардои қиёмат
Зон бода ки аз дасти ту нӯшидаам имрӯз
Сад ханда занад бар ҳлли қайсару доро
Ин жандаи пари бахя ки пӯшидаам имрӯз
Афсӯс ки барҳам зада хоҳад шуд аз он рӯй
Шайхонаи бисотӣ ки фурӯ чидаам имрӯз
Бар бод диҳад тавбаи сад ҳамчуи баҳоӣ
Он турраи таррор ки ман дидаам имрӯз