Мақсӯду муроди куни дидем

Майдони ҳавас , ба пай давидем

Ҳар поя казон баландтар буд

Аз бахшиши ҳақ , бидон раседем

Чун буқаламун , ба сад тариқат

Бар авҷи ҳавои дил , тапидем

Рух бар рух дилбарон ниҳодем

Лаҳни хуш мутрибон шунидем

Дар боғи ҷамоли моҳрӯён

Райҳону гул ва бунафша чидем

Чун малик бақо нашуд муяссар

Зон ҷумла , тамаъ аз он буридем

Вази донаи шуғл боз ҷустем

Вази доми амал , бурун ҷаҳидем

Рафтем ба каъбаи муборак

Дар ҳазрат Мустафо раседем

Ҷустем ҳазор гӯнаи тадбир

Бо теғи аҷал , сипар надидем

Кардем ба ҷону дили талофӣ

Чун даъват « арҷъӣ » шунидем

Беҳудаи сдоъ худ надодем

Таслими шудему ворҳидим

Бошад ки чаҳ баъди мо азизӣ

Гуяд чу ба Машҳадаш раседем :

Айём вафо накард бо кас

Дар гунбад ӯ навиштаи дидем