Шабии зи тирагии дили сиёҳи гашти чунон

Ки субҳи васли намояд дар он , шаби ҳиҷрон

Шабӣ , чунонкӣ агар сар бар оварад хуршед

Сиёҳ рӯй намояд чу холи моҳрухон

зи оҳи тираи дилон , ончунон шудаи торик

Ки хоби ҳам набарди раҳ ба чашми чори арқон

Замонаи ҳамчуи дили ман , сиёҳи рӯз шуда

Гуҳӣ ки сар кунам аз ғам , ҳикояти даврон

зи ҷўрёр агар шикваи сркнм , зебад

Ки дӯш бо фалаки маст , бастаам паймон

Манам чаҳ хори гирифтори водии меҳнат

Манам чаҳ киштии ғам , ғарқа дар таҳи Аммон

Манам ки теғи ситам дидаам ба нокомӣ

Манам ки тири бало хӯрдаам , зи дасти замон

Манам ки хотири ман , хуши дилии надидаи здўр

Манам ки табъи ман аз хуррамӣ буд тарсон

Манам ки субҳи ман аз шоми ҳиҷри тира тар аст

Агар чаҳ партав шамъаст бар дилами тобон