Лаби лаъли ту мефурӯшӣ кард

Чашми масти ту бода нӯшӣ кард

Ин хатоҳо чу дид ҳоҷиби ҳасан

Зон хати сабзи парда пӯшӣ кард

Чаҳ пароканда гуфт зулф , ки дӯш

Хам шуд ва бо ту сар ба гӯшӣ кард

Рози дил бо лабат нагуфта , хатат

Сар баровард втизҳўшӣ кард

Оқибат суст гардад андари ҳиҷр

Ҳарки бо ишқ сахт кӯшӣ кард

Хор , ҳар сарзаниш ки кард , баҳор

Ғунчаи танг дил хамӯшӣ кард