Ғамзаи ?ути хўнризтр ё дидаи хўнбори ман

Турраи ?ути ошуфтатар ё хотири афкори ман

Лаъли ҷонони сурхтар ё лола ё май ё ақиқ

Маи накӯтар ё парӣ ё ҳур ё дилдори ман

Коми ошиқи талхтар ё сабр ё гуфтори ту

Васли дилбари хубтар ё ишқ ё кирдори ман

Толеъи ман тиратар ё зулфи ту ё шоми ҳиҷр

Васли ту душвортар ё коми дил ё кори ман

Меҳри ту мавҳумтар ё нуқта ё симурғу қоф

Кимиёи пӯшидатар ё сидқ ё осори ман

Санги оҳани сахттар ё он дил бе меҳри ту

Наргиси ту хастатар ё ин дили бемори ман

Пушти ман хамидатар ё ҳалқаҳои зулфи ту

Ишваи ту бештар ё нолаҳои зори ман

Меҳру маи тобандатар ё чеҳри ту ё субҳи васл

Шоми ҳиҷрони тиратар ё бахти кҷрФтори ман

Муштарии фархундатар ё рӯй ту ё бахти шоҳ

Қомати ту росттар ё сарв ё гуфтори ман

Лутфи шаҳи созандатар ё лаъли рӯҳи афзои дӯст

Хашм шаҳ сӯзандатар ё оҳи оташбори ман

Дар ғазалсозӣ баҳори устодтар ё он ки гуфт

« рӯзгори ошуфтатар ё зулфи ту ё кори ман »