Боз махмураст дил то бихўдӣ иншо кунад
Ҷом дар ҳайрат занад аиинаҳро мино кунад
Зиндагонии гӯи мада аз нақши мавҳумами нишон
Аксро ғам нестгар ойӣна истиғно кунад
Рафтаем аз худ ба дӯш орамидан чун ғубор
Оҳ аз он рӯзӣ ки битобии тавоф мо кунад
Нолаи шӯ то аз ҳавои фомат ӯ бигузарӣ
Ҳарки аз худ рафт сайри олам боло кунад
Анҷумани пардози ваҳмам чун ҳубоб аз хомшӣ
Ба ки бигушоем лабӣ то аз худам танҳо кунад
Магзар аз кӯшиши мабодои рӯзгори ҳилаи ҷӯ
Поймоли роҳатат чун сӯрат дебо кунад
Дар адами мо низ ёди зиндагӣ хоҳем кард
Шуълаи хомӯш агар ёд тапиданҳо кунад
Бори таслимӣ агар чун соя ёбад пайкарам
То дар ӯ хоки оламро ҷабин Фрсо кунад
Нолаи дардӣ ба сози хомшӣ гум гашта ам
Шавқ ғаммозаст май тарсами маро пайдо кунад
Бе тавофи хеш дар базми висолаш бор нест
Дар дили дарёи магари гирдоби роҳии вокнд
эй хуши он шӯри тараби ҷӯши хумсатони фано
Каз гудози худ дил ҳар зарраро мино кунад
Санги роҳи худ шуморади каъбау бтхонаҳ ро
Ҳарки чун бедили тавофи гӯша дилҳо кунад