Ҳар нафаси дили садҳазори андеша пайдо ме кунад

Ҷунбиши ин донаи чандини реша пайдо ме кунад

Иқтизоӣ ҷилва дорад ин қадари тамҳиди ранг

То парӣ бепарда гардад шиша пайдо ме кунад

Шамъи ин маҳфили маро бар сӯхтан парвона кард

Ҳарки бошад ғайрат аз ҳам пеша пайдо ме кунад

Мардро сомони ғайрат оризӣ набӯд ки шер

Нохуну дандони ҳамон дар беша пайдо ме кунад

Дар заволи умри вазъи қомати перӣ бас аст

Нахли ин боғи азхмидни теша пайдо ме кунад

Яъси дил кам нестгар хоҳии зи худ бархестан

Нашъаи ворӣ аз шикасти ин шиша пайдо ме кунад

Ҳасрати пайкон ӯ бенола напасандад маро

Охири ин тухми муҳаббати реша пайдо ме кунад

Дили вафо , булбули наво , воъизи фусун , ошиқи ҷунун

Ҳаркасӣ дар хӯрд ҳиммати пеша пайдо ме кунад

Арсаи офоқи ҷои ҷилваи як нола нест

Неи гиреҳ аз танагии ин беша пайдо ме кунад

Бедил аз сайри таъаммули хона дил нагузарӣ

Нақшҳо ин пардаи андеша пайдо ме кунад