То ҳинои азкФт ба ком расед
Шафақи ранги гул ба шом расед
Муждае дил баҳор ме ояд
Қосиди буии гул паём расед
То адам шуд нафаси шумори хаёл
Зарраи мо ба анқсом расед
Ҳарчӣ дорад замона орият аст
Ҳақ худ хостем ва вом расед
. Гули ин боғи сархуш ваҳм аст
Бодаҳо аз ҳаво ба ҷом расед
Авҷи иқбол , нардбонҳо дошт
Саъй лангед то ба бом расед
Ба мақомӣ ки роҳи ҷаҳд гум аст
Лағзиши по ба ним гом расед
Азми товуси мо биҳиштӣ буд
Пуркашӣдан ба фаҳм дом расед
Яъси табли нишот дил бӯда аст
Аз шикасти ин нигин ба ном расед
Навбари боғ эътибор мабош
Ҳарчӣ ӣнҷо расед хом расед
Хоҷагар баҳраи нишоти гзФт
Хоби махмал ба аҳтлом расед
Иззату обрӯии ин маҳфил
Ҳама аз хизмат киром расед
Оҳи мақсӯд дил нафаҳмидам
Бар ман ин нусха нотамом расед
Бедил аз хеш боядат рафтан
Варна натавон ба он хиром расед