эй муждаи дидори ту чун иди муборак
Фирдавс ба чашмӣ ки туро дид муборак
Ҷон додаму хоки сркўӣ ту нагаштам
Бахти ӣнқадар аз ман напасандед муборак
Дар нарад вафои баради ҳамин бохтанӣ буд
Манҳуси ҳарифӣ ки нафаҳмид муборак
Ҳар соя ки гуми гашти расонданд ба нураш
Гардидани рангӣ ки нигарадед муборак
эй бихрдони ғарра иқбол мабошед
Давлат набӯд бар ҳамаи ҷовиди муборак
Субҳи тараби боғи муҳаббати дам теғ аст
Бисмии аллоҳ агар захми тавон чиди муборак
Жулидагии мӯии серуми чатри Фроғист
Маҷнӯни марои сояи ин беди муборак
Брбоми ҳилоли абрӯии ман қибла намо шуд
Каз ҳар тараф омад хабари иди муборак
Дили қонеъи шўқист ба ҳар ранг ки бошад
Доғи ту ба мо , ҷом ба ҷамшеди муборак
Дар ишқи яке буд ғаму шодии бедил
Бигирист саодат шуд ва хандид муборак