Зон баҳори нози ҳайронам чаҳ сомон карда ам

Чун гули имшаб то гиребони гул ба домон карда ам

Буи гул меояд аз кайфияти парвози ман

Болу пари ранг аз навой андалебон карда ам

Бенишоне машрабӣ дорам ки монанди нигоҳ

Оина дар дастаму тимсол пинҳон карда ам

Нақши ин на шишагар ёдам набошад гӯ мабош

Сайри миное дигар дар тоқ нисён карда ам

Бо шарори коғази ъушрат гарав тоз вафост

Ҳар гуҳ аз худ рафтаам сайр чироғон карда ам

Аз ҷунуни сомонии кайфият анқо мапурс

Он қадр пӯшидаам худро ки урён карда ам

Бар ки нолад фитрат аз бедоди ташвиши нафас

Хонаи ойӣна Эй дорам ки вайрон карда ам

зи интизори субҳ бояд бар чароғам хӯн гирист

Баҳри як лаби хандаи чандини ашк нуқсон карда ам

Дар ғами ноёбии матлаб ки ҷуз ваҳмӣ набӯд

Судаам дастӣ ки ҳимматро пушаймон карда ам

Ҷузи ғами сайли фанои дигар чаҳ бояд хӯрданам

Аз фузулии хешро дар дашт меҳмон карда ам

Абрро гуфтам чаҳ бошад боиси серобии ?ут

Гуфт вақте гиря бар оҷиз гиёҳон карда ам

Бедил аз доғи чароғи хомшм ғофил мабош

Нргсстони чашмакии хаси пӯш мижгон карда ам