Нури ҷон дар зулмати ободи бадан гум карда ам
Оҳи азин Юсуф ки ман дар перҳан гум карда ам
Ваҳдат аз ёди дуе андӯҳ касрат ме кунад
Дар ватан , зи андешаи ғурбат , ватан гум карда ам
Чун нами ашкӣ ки аз мижгони Фрўризд ба хок
Хешро дар нақши пои хештан гум карда ам
Аз забони дигарон дарди дилам бояд шунид
Каз заъифиҳо чу неи роҳи сухан гум карда ам
Мавҷи дарё дар канорам , аз так впўим мапурс
Ончии ман гум карда ам ноёфтан гум карда ам
Гар адам ҳоил набошад зиндагӣ мавҳум нест
Олимиро дар хаёли он даҳан гум карда ам
То куҷо ё раб навай дузади гиребони маро
Чун гул , ӣнҷо , як ҷаҳони далқи куҳан гум карда ам
Умрҳо шуд ҳамчу на?ил хома , май печам ба хеш
Пайкар чун риштае дар перҳан гум карда ам
Шухии парвози ман ранги баҳор ноз кист
Чун пари товуси худро дар чаман гум карда ам
Чун нафас аз муддаои ҷуст ваҷу огаҳ не ам
Ин қадар донам ки чизе ҳаст ва ман гум карда ам
Ҳеҷ ҷои бедили суроғи рангҳои рафта нест
Сад нигаҳ чун шамъ дар ҳар анҷуман гум карда ам