Офиятҳо дар мизоҷ пурфишон дуздида ам
Чун шарар дар ҷайби парвози ошён дуздида ам
Боядам аз дидаи таҳқиқи пинҳони зистан
Нотавонӣҳо аз он мӯии миён дуздида ам
Бо хаёли оризати хобам чаҳ сон ояд ба чашм
Ҳалқаи зулф ончӣ дорад ман ҳамон дуздида ам
Нест гӯшӣ каз тапишҳои дилам огоҳ нест
Чун ҷарас аз содагии ҷинси фиғон дуздида ам
Дили зи забти орзӯ хӯн шуд ман аз забти нафас
ӯ матоъи корвони ман корвон дуздида ам
Доғ ишқӣ дорам аз ташвиқ аҳволам мапурс
Муфлисам онгаҳ нигини хусравон дуздида ам
Дар ҷаҳони як гӯш бар оҳанги соз дард нест
Сад қиёмати шӯри дили зери забон дуздида ам
То абад мебоядам ғалтид дар оғӯши хеш
Қаъри ин симоби гавани баҳрами карон дуздида ам
Ҳарзаи харҷи нақди фурсат буд дил аз гуфтугӯ
То нафас дуздидаам ганҷи равон дуздида ам
Ҳар нафаси шурӣ дигар дар дил қиёмат ме кунад
ӣнқадар тӯфон намедонам чаҳ сон дуздида ам
Ваҳшати ман чун шарари фурсати камӣн ҷаҳд нест
Домани рангӣ ки дорам бар миён дуздида ам
Дам задан то чарх бар май орадами зини хокдон
Дар нафас чун субҳи чандини нардбон дуздида ам
Як қалами ҷинси дукони мо ва ман шӯр ва шар аст
Муфти роҳатҳо ки худро зини миён дуздида ам
Бедил аз номӯс асрор таманноем мапурс
Сина аз оҳу лаб аз ҷӯши фиғон дуздида ам