Гузашти умру шикасти дил ошкор накардам
Ҳзоргл ба бағали доштам баҳор накардам
Ҷаҳон ба забти нафас буд ва ман зи ҳарзаи дўиҳо
Ба ин каманди расои як ду чин шикор накардам
Насохтам ба тнки рӯе аз таъаллуқи дунё
Ба қатъи ваҳми дами теғӣ обдор накардам
зи дасти судаи нҷстми алоҷи ранги алойиқ
Ба дард сар задаму сандал ихтиёр накардам
Вафо ба ибрати анҷоми кор , кор надорад
зи шарм май кашии андеша хумор накардам
Ҷаҳони зи ҷӯши дили ойӣнаи хона буд ба чашмам
Гузаштам аз нафас ва ҳеҷ ҷо ғубор накардам
Ғубори ҷилва имкон гирифт оинаи ман
Вале чаҳ сўдкаҳи худро ба худ дучор накардам
зи сайри ин чаманам об кард ғайрати шабнам
Ки ҳарзаи тори нигаҳро арақ савор накардам
Ҳавои суҳбат длмрдгон нахонд фусунам
Димоғи сӯхтаро шамъ ҳар мазор накардам
Дарин чаман ба чаҳ доғ ошно шудам ман бедил
Ки тўФи сӯхтаи ҷонони лола зор накардам