Чашм во кардам ба чандини рангу бӯ соғар задам

Аз мижаи тарафи ниқоб ҳар ду олам бар задам

Сози парвозӣ дигар зини домгоҳми рӯи надод

Чун нафас аз даст бар ҳам судаи бол ва пар задам

Фурсат ҳастӣ варақи гардонданӣ дигар надошт

Ин қадарҳо бас ки мижгонӣ ба якдигар задам

Ҳосил дил нест ҷузи даст аз ҷаҳон бардоштан

Интихобӣ буд навмидии казин дафтар задам

Хўдгдозиҳо насими муждаи дидор буд

Сӯхтами чандон ки бар ойӣна хокистар задам

Дод перии ваҳшат аз кулуфт сарой ҳастӣ ам

Қомат аз бори ҳавас то ҳалқа шуд бар дар задам

То қаноат шуд кафили нашъаи осӯдагӣ

Ҷамъ гардид обрӯи чандон ки ман соғар задам

Шабнам ман монад хилватпарвар табъи ҳаво

Аз хиҷолати нақши обии доштам камтар задам

Маърифат дар фикри кор нестӣ афтоданаст

Сайри ҷайб зарра кардам офтобӣ сар задам

Гирдам аз авҷи кулоҳ бе нишонеи ҳам гузашт

Як шикасти ранггар чун субҳи доман бар задам

Қобили дарди ту гаштан дошт сад дарёи гудоз

Об гардидам зи шарму фоли чашмӣ тар задам

Бедил аз афсурдагони ҳайратам , тадбир чист ?

Гар ҳама дарё кашидам соғар кавсар задам