Ба дашти бихўдии овозаи шавқ ҷарас дорам
зи файзи дили тапиданҳо хурӯшӣ бенафас дорам
Дарин гулшани навое буд доми андалеби ман
зи баси нозуки дилам аз буии гули чӯб қафас дорам
Нишот эътиборам кард бе тоби тапиданҳо
Чу баҳр аз мавҷи хези обрӯ дар дида хас дорам
Нафаси ҷузи тобу таб корӣ надорад муфти нокомӣ
Димоғ сӯхтан гармаст то ин мушт хас дорам
Ба гуфт вгўи сияҳ то чанд созами сафҳаи дил ро
зи ғифлат то ба кӣ ойӣна дар роҳ нафас дорам
Муҳаббати машрабам лек аз фусуни шухии савдо
Ба саъии ҳарзаи Фкриҳои димоғӣ булҳавас дорам
Гар аз тори нигоҳам нола бархезад аҷаб набӯд
Ба чашми худ гиреҳ гардӣда ашкӣ чун ҷарас дорам
Саропо ҷавҳарӣ дорам зи равшани тинатии бедил
Ки чун миноӣ май аз мавҷи хӯни тор нафас дорам