Пари афшонам чу субҳ аммо гирифторӣ ҳавас дорам

Ба қадари чоки дили хамёзаи шавқ қафас дорам

Фусуни эътибори афсона роҳат наме бошад

Чу дарёи дархури амвоҷи вақфи дида хас дорам

Ба гуфт вгўи сияҳ то чанд созами сафҳаи дил ро

зи ғифлат то ба кӣ ойӣна дар роҳ нафас дорам

Муҳаббати машрабам лек аз фусуни шухии савдо

Ба саъии ҳарзаи Фкриҳои димоғӣ булҳавас дорам

Тазаллум яъс дорад варна ман дар сабри нокомӣ

Нафаси дуздӣдани саркӯби сад фарёдрас дорам

Заъифии кисватам аз дастгоҳи ман чаҳ май пурсӣ

Парӣ чун мӯри пайдо гар кунам ҳукм магас дорам

Дили нолонӣ аз асбоб имкон кардаам ҳосил

Ҳаваси гӯи корвонҳо ҷамъ кун ман як ҷарас дорам

Нафас то май кашами фирдавс дар парвоз ме ояд

Ба ранги боли товуси орзӯҳо дар қафас дорам

Ҳуҷуми нашъа дардам мапурс аз ъшртми бедил

Чу минои хӯни зи дил май резаму арз нафас дорам