Аз шавқи ту эй шамъи тараби баъди ҳалокам

Ҷӯшад пари парвонаи з ҳар зарраи хокам

Битобии ман арзи насаби нома мастӣ аст

Чун мавҷ май аз силсилаи решаи токам

Дӯди нафас сӯхтаам турра ёр аст

Конро набӯд шона ба ҷузи синаи чокам

Тӯҳмати каш олоиш ҳастӣ натавон шуд

Чун акси зи трдомнии оинаи покам

Оҳам , шарарам , ашкаму доғам , чаҳ тавон кард

Чун шамъи дарин базм ба сад ранги ҳалокам

эй ҳиммати олии назарони дасти нигоҳӣ

То чанд баради пастии толеъ ба муғокам

Гирдами чаман ранг наболад чаҳ хаёл аст

Умрии сет ки дар роҳи таманнои ту хокам

Чун ғунчаи зи шавқи ман девона мапурсед

Гул низ гиребон шуда аз ҳасрати чокам

Хошок ба соҳил расад аз дасти ради мавҷ

Аз теғ аҷал нест дарин маърака бокам

Аз бол ҳумо кист кашад нанги саодат

Бедили зи сар мо нашавад сояи мо кам