Чун сбҳаҳи як ду рӯз ки бо ҳам нишаста ем

Аз икдгри гусаста фароҳам нишаста ем

Бозаст чашми мо ба рухи анҷуман чу шамъ

Аммо дар интизори фано ҳам нишаста ем

Ҳар чанд таври аҷз ба ғайр аз савоб нест

Заҳмати кашии хаёли хато ҳам нишаста ем

Дӯди сапанди маҷлиси тасвир ҳайрат аст

Ҳар чанд гул кунем садо ҳам нишаста ем

Ғофил наем аз ғами дармондагони хок

Чанде чу обилаи таҳи по ҳам нишаста ем

Нои қадрдони роҳати урён танӣ мабош

Гоҳе буруни банди қабо ҳам нишаста ем

Хоби ғурури махмалу дебои з мо махоҳ

Бар фарши бӯрёии гадо ҳам нишаста ем

Дорад димоғи тахти сулаймони ғубори мо

Бепоу сар ба рӯй ҳаво ҳам нишаста ем

Дӯди чароғи маҳфили имкон баҳона ҷӯаст

Дар роҳи боди мо ва шумо ҳам нишаста ем

Осоишӣ ба тарк матолиб наме расад

Дар сояҳои дасти дуо ҳам нишаста ем

Гар илтифоти нақши қадам шева ҳаёст

Бар хоки остони ту мо ҳам нишаста ем

Бедил ба ранги тавъами бодоми мо ва ту

Ҳар чанд як дилем ҷудо ҳам нишаста ем