Субҳаст ва мо димоғи таманно рисонда ем
Чун шамъи бӯсаи мижа то по рисонда ем
Гул мекунад зи шуълаи хокистари ошён
Боли шикастае ки ба анқо рисонда ем
Тарки талаб ба умри табиӣ муқобил аст
Ойӣнаи нафас ба масеҳо рисонда ем
Кам нест саъии мо ки ба сад дастгоҳи ашк
Худро ба пои обилаи Фрсо рисонда ем
Ваҳдат намост шӯри хароботи мо ва ман
Ваҳмаст ин ки нашъаи ду боло рисонда ем
Ойӣнаи ҷаҳони латофат кудурат аст
Нақби парии зи шиша ба хоро рисонда ем
Дар ҳар димоғи фитрати мо гирд ме кунад
Ҳар ҷо расидааст касе мо рисонда ем
Шавқии Фсрду қатраи мо дар гуҳар гирифт
Инаст кулуфтӣ ки ба дарёи расонад ҳ ем
Товуси мо баҳори чироғон ҳайрат аст
Ойӣнаи хонае ба тамошо рисонда ем
Аз баси тнк бизоъат дардем чун гуҳар
Як қатраи ашк бар ҳамаи аъзо рисонда ем
Гар мастии ?ути шикасти ду олам ба шиша кард
Мо ҳам дилӣ ба паҳлавии мино рисонда ем
Бедили зи сҳркории тӯл амл мапурс
Комрўзи норасида ба фардо рисонда ем