Аз зиндагӣ ба ҷузи ғам фардо намонда ем
Чизе ки мондаем дринҷо намонда ем
Рӯзии ду чун ҳавос ба ваҳшати сарои умр
Бе саъии илтифот ва мудоро намонда ем
Чун сояи Хизри мақсади мо шавқ нестӣ аст
Аз по фитодаем вале во намонда ем
Сар бар замин фурсат ҳастӣ дарин бисот
Зон ранг мондаем ки гуё намонда ем
Зини хокдон бурун натавон баради рахти хеш
ҲрФисти баъди марг ба дунё намонда ем
Маҷбури ахтбори тааюн касе мабод
Гавҳари шудем лек ба дарё намонда ем
Саргаштагии ҳам аз сари маҷнӯни мо гузашт
Ҷузи номи гирдбод ба саҳро намонда ем
Маҳви суроғи хеши баромади ғубори мо
Будем бе нишони азал ё намонда ем
Дӯди чароғ буд ғубори баннои яъс
Бар сар чаҳ афканем таҳ по намонда ем
Бар шарм кун ҳаволаи ҷавоби саломи мо
То қосидат расад бар мо , мо намонда ем
Чун муҳрае ки шаш дараш афсун ҳайрат аст
Мо ҳам буруни шаш дар ин хона монда ем
Бедил ба фикри нуқтаи мавҳуми он даҳан
Ҷузвӣ ба ғайр лоитҷзо намонда ем