Субҳ таманно дамид , дил чмнстон кунем

Юсуф мо мерасад оина сомон кунем

Ҳосили боғи муроди ҳавсила хоҳ вафост

Ончӣ нагунҷад ба ҷайби тӯҳфа домон кунем

Сози тараби длгшости нашъа тараннум намост

Мутриби мотар садости шиша ғзлхўон кунем

Чашми вафои машрабони ин ҳама бенур чанд

Мунтазир ҷилваем соз чироғон кунем

Хон баҳори анҷумани моили ин гулшан аст

Сад чамани исботи нози бргл ва райҳон кунем

Ҷабҳаи андешаро бо қадам ӯ сиррӣаст

Ба ки дарони нақши пои сайр гиребон кунем

Чашми ду олами нишоти маҳви тамошои мост

Дида ба дидор агар як мижа ҳайрон кунем

Қобили ин остони ҷабҳаи ндорбми ҳайф

Сабза хок раҳем саҷда ба мижгон кунем

Гардани мо то абади баста занҷир ӯст

Қамарӣ ин гулшанем тавқ чаҳ пинҳон кунем

Аз лаби ҷонбхш ӯ як ду нафас дам занем

Миср ҳаловат шавем қанду гул арзон кунем

Ҳарза дароӣ ҳавас чанд тавон зистан

Лаб ба санояши диҳем бар нафас эҳсон кунем

Бедил агар сабз шуд донаи зи файзи саҳоб

Мо дили афсурдаро дар қадамаш ҷон кунем