Ҳарфами ҳама аз мағзаст аз пӯст наме гӯям

Онро ки ба ҷуз ман нест ман ӯст наме гӯям

Асрори кмоҳиро таъвил наме бошад

Сарро сару поро по , зонуаст наме гӯям

Зарфаст ба ҳар сӯрати ойӣнаи истеъдод

Дркўзаҳ агар обаст дар ҷӯаст наме гӯям

Маънӣ назарон давранд аз ваҳми ғалати фаҳмӣ

Норанҷи зқн себ аст лимуаст наме гӯям

Айбу ҳунари ин базми ифшогар асрор аст

Ҳар чндгл чашмаст бе бӯаст наме гӯям

Ман дар ба дар инсоф аз феъли худ огоҳам

Гар ғайр бидам гуяд бдгўст наме гӯям

Гар сафҳа офоқаст ё оинаи Флок

То пушт ва рухӣ дорад икрўст наме гӯям

Ҷоҳу ҳашами дунё нангаст зи сар то по

Чинӣ чу сари фағфур бимўст наме гӯям

Лабрези фано бояд то дили ҳамаро шояд

Ногашта тиҳӣ аз худ мамлуаст наме гӯям

Гар шубҳаи таҳқиқами зини дашт сиёҳӣ кард

Лайлӣ ба назар дорам оҳӯаст наме гӯям

Ойин муҳаббат нест савдои дуе пухтан

Ман бедили худро ҳам ҷуз дӯст наме гӯям