Дили равшан чаҳ лозими тира аз арзи ҳунар кардан
зи ҷавҳари хонаи ойӣнаро зеру зибр кардан
Ба ғайр аз маънӣ хорӣ надорад нақди таҳсилӣ
Китоби ҳирсро шероза аз мади назар кардан
Агар чун офтоби ойӣнаи ҳиммат ҷило гардад
Туоне хокро аз як нигоҳи гарми зар кардан
зи қайди худ барои ғунчаи иксоъти гулистони шӯ
Нафасро то ба кӣ шерозаи лухти ҷигар кардан
Дарин дарё ки аз соҳил таяммум мекунад мавҷаш
Ба оби дида май бояд вузӯе чун гуҳар кардан
Ба ранги соя гум кун нақши по дар нақши пешонӣ
Раҳи аҷзӣ ки мо дорем осон нест сар кардан
зи хокистар тафовут нест дӯди оташи хас ро
Надорад он қадри фурсати шаби моро саҳар кардан
Шарар дар пунба бастан нест аз инсофи огоҳӣ
зи мактубам ситам натавон ба боли нома бар кардан
Ваболи лиззати дунёсти боли растгорӣҳо
Гиреҳ дар кори не кам уфтад аз тарки шукр кардан
зи файзи ағниё бо ташнаи комиҳо қаноат кун
Надорад чашмаи хуршеди ғайр аз чашмтар кардан
Фароҳам то шавад сари риштаи оғӯши таҳқиқат
Чу тори сбҳаҳ аз сад ҷайб бояд сар ба дар кардан
Надомат мекашад ишқ аз дил афсурдаам бедил
Ндордгнҷ дар вбронаҳи ҷузи хокӣ ба сркрдн